Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадрдонии сафири Тоҷикистон аз кумакҳои Кувайт


Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикитсон дар Кувайт, аз кумакҳои башардӯстонаи Салиби Сурхи ин кишвар ибрози сипос кардааст.

Ҷаноби Зубайдов зимни дидор бо Анвар Ал-Ҳасвай, муовини раиси созмони Салиби Сурхи Кувайт гуфтааст, ин ниҳод дар зарфи 10 соли ахир ба ҳангоми вуқӯъи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон дасти мадад дароз кардааст.

Зимнан, дар солҳои ахир ниҳоди дигари молии Кувайт низ ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон сармоя ворид кардаанд. Аз ҷумла, Хазинаи арабии рушди иқтисоди Кувайт ба бахши кишоварзии Тоҷикистон ба миқдори 3,1 миллион доллар кумаки билоивази молӣ ироа кардааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Кувайт дар моҳи июни соли 2013 Бонки тавсеъаи иқтисодии Кувайт эълом кард, ки барои бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиард доллар ҷудо хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG