Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми 7 соли зиндон ба қочоқбари тоҷик дар Русия


Додгоҳи ноҳияи Левобережнии шаҳри Воронежи Русия Анис Меликов, шаҳрванди25-солаи Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба муддати 7 сол равонаи зиндони низомаш сахт кард.

Гуфта мешавад, Анис Меликов маводи мухаддири ҳероинро барои истифодаи якдафъина бастабандӣ карда ва ҳудуди шаҳри Воронеж ба фурӯш расондааст.

Ба ҳангоми боздошт дар манзили Меликов 150 бастаи кучаки ҳероин, ки вазни умумиаш 700 грамм буд, мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG