Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мандарини Чинро аз қирғизҳо мусодира карданд


Россельхознадзори Русия эълон кардааст, ки Қирғизистон ғайриқонунӣ аз Чин ба Русия миқдори зиёди мева ворид ва онро меваи Қирғизистон муаррифӣ мекунад.

Ба унвони намуна Россельхознадзор аз боздошти 40 тонна мандарин хабар додааст, ки онро чун моли Қирғизистон дар санадҳо нишон додаанд. Вале тарзи бастабандӣ ва навъи мандарин гувоҳӣ медиҳад, ки он моли Чин аст.

Гузашта аз ин, роҳи интиқоли ин моли ғайриқонунӣ, ки дар санадҳо навишта шудааст, шубҳаовар мебошад. Россельхознадзор гуфтааст, ки воридоти ғайриқонунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо боиси нигаронии ҷиддӣ шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, меваҳои воридотӣ аз Чин аз лиҳози беҳдоштӣ бехатар нест ва ҳар сол ҳангоми тафтиш бештар аз 50 мавриди боздошти чунин меваҳо сабт мешавад.

XS
SM
MD
LG