Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи Маҷлиси Тоҷикистон 1 млн сомонӣ кам шуд


Харҷи Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон - дар соли оянда дар муқоиса ба соли ҷорӣ ҳудуди 1 миллион сомонӣ камтар хоҳад шуд. Азизмат Холмуҳаммадзода, раиси Комиссияи дастури Маҷлиси намояндагон, ки 16 декабр дар иҷлоси парлумон ин санади молиро муаррифӣ мекард, буҷети соли ояндаи маҷлиси намояндагонро 15 миллиону 799 ҳазору 460 сомонӣ арзёбӣ кард, ки дар муқоиса ба буҷети соли ҷорӣ 989 ҳазору 060 сомонӣ камтар будааст.

Холмуҳаммадзода далели коҳиши мизони махориҷи парлумонро ба пурра таъмин будани вакилон бо васоили нақлиёту таҷҳизоти фаннӣ ва пешгӯйиҳо дар мавриди арзон шудани сӯзишворӣ марбут хонд. Ӯ гуфт, тибқи арзёбии мутахассисон дар назар аст дар соли оянда арзиши равғани молиданӣ ва сӯзишворӣ барои мошинҳои хидматӣ коҳиш ёфта ва аз ин ҳисоб ба миқдори 335 ҳазор сомонӣ сарфаҷӯӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон коҳиши бахши махориҷи парлумонро ба мушкилоти молӣ дар ин кишвар рабт дода ва гуфт, дар назар аст, дар соли оянда маблағгузорӣ ба бахшҳои дигари сохтори давлатӣ низ коҳиш ёбад. Аз ин лиҳоз, ҷаноби Зуҳуров гуфт, ки аз маблағҳои мавҷуда сарфакорона истифода шуда ва аз харҷҳои иловагӣ ҷилавгирӣ шавад.

XS
SM
MD
LG