Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко Туркия ва Русияро ба созиш хонд


Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус 12 декабр аз Русия ва Туркия хост, ки барои рафъи бӯҳрон дар муносибатҳои якдигар созиш кунанд.

Лукашенко дар Ашқобод дар конфронси раҳбарони минтақа, ки дар он Раҷаб Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия низ ширкат дошт сухан ронд. Вай гуфт: “Дар ин ҷаҳони пурталотум иштибоҳ ногузир аст ва он набояд доман зада шавад, балки бояд ҳал шавад.Агар шумо иштибоҳ кардед, бояд онро эътироф намоед ва ҷасорат пайдо карда онро қабул кунед ва барои ҳали он созиш кунед”.

Муносибатҳои Маскав ва Анкара баъд аз сарнагун сохтани ҳавопаймои низомии Русия дар 24 ноябр дар марзи миёни Сурияву Туркия сард шудааст. Русия мехоҳад бо ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодӣ Туркияро муҷозот кунад.

Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон низ зимни суханони худ дар конфронси Ашқобод ҷониби Русия ва Туркияро ба муросо даъват кард.

Эрдуғон низ дар ин конфронс суханронӣ кард, вале дар бораи муносбатҳои Туркия бо Русия сухане ба забон наовард.

XS
SM
MD
LG