Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар пойгоҳи Қандаҳор 50 нафарро куштаанд


Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ки шӯришиёни Толибон ба дуввумин пойгоҳи бузурги ҳавоии Афғонистон дар Қандаҳор рахна кардаанд ва бештар аз 50 нафарро куштаанд.

Вазорат дар изҳороти 10 декабри худ гуфтааст, ки ба ин кушташудагон 38 нафар ғайринизомиён, 10 нафар сарбозони артиши миллӣ ва 2 нафар корманди пулис дохил мешаванд.

Дар ин изҳорот омадааст, ки дар миёни кушташудагон занону кӯдакон низ ҳастанд ва бештар аз 30 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Даргириҳо бештар аз 24 соат давом кардааст. Вазорат хабар додааст, ки 11 нафар Толибон низ кушта шудаанд.

Дар бораи талафоти нируҳои эътилофи байналмиллалӣ, ки дар ин пойгоҳ хидмат мекунанд, гузориш дода намешавад. Даргириҳо замоне шуруъ шуд, ки ҳамлакунандагони маргталаб шоми 8 декабр ба қаламрави пойгоҳ ворид шуданд.

XS
SM
MD
LG