Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

37 кушта ва 35 захмӣ дар ҷангҳои шабонаи Қандаҳор


Шӯришиёни Толибон ба пойгоҳи бузурги ҳавоии Қандаҳори Афғонистон ҳамлаи густардае анҷом додаанд. Ин фурудгоҳро нируҳои НАТО ва Афғонистон истифода мебаранд. Дар ин ҳамла 37 нафар кушта 35 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Фурудгоҳ дар 30 километрии шаҳри Қандаҳор воқеъ ҷойгир аст. Ҳамла ба он шоми 8 декабр оғоз ёфт ва то бомдоди 9 декабр давом кард.

Мақомоти амниятии Афғонистон гуфтаанд, ки даргириҳо дар ин фурудгоҳ, яъне дар дуввумин пойгоҳи бузурги низомӣ бомдоди чаҳоршанбе хотима ёфтааст.

Толибон дар эъломияи худ гуфтаанд, ба 3 Толиб муяссар шудааст, ки бо аслиҳаи сабук ва вазнин вориди пойгоҳ шаванд ва ба нируҳои эътилофи байналмиллалӣ ва нируҳои артиши миллии Афғонистон ҳамла баранд.

Сухангӯи нируҳои НАТО мегӯяд, ки дар бораи талафоти нируҳои эътилоф гузориш дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG