Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади 6 коргари дигари нафтро пайдо кардаанд


Як мақоми расмии ширкати SOCAR-и нафти Озарбойҷон гуфт, ки 7 декабр ҷасади 6 нафар кормандони дигари нафтро пайдо кардаанд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, ҷустуҷӯи 23 нафари дигар идома дорад.

Шоми 4 декабр тӯфон бархост ва сабаби оташ гирифтани чоҳи нафт дар обҳои Баҳри Хазар шуд. Гурӯҳҳои наҷот шумораи ҷасадҳои пайдошударо 8 нафар мегӯянд.

Балдимирзо Алигаримов-сармуҳандиси бахши истихроҷи нафт ва гази Азнефти ширкати SOCAR гуфт, ки оташнишонҳо 7 декабр дар чоҳи нафти Чироғ дар 120 километрии соҳили Озарбойҷон бо забонаҳои оташ муборизаро идома медоданд.

Мирвалӣ Қаҳрамонлӣ-раиси Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи кормандони нафти Озарбойҷон 5 декабр гуфт, ки 32 корманди нафт дар ин ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Аммо 6 декабр ширкати SOCAR гуфт, ки ҷасади 2 кормандро пайдо кардаанд ва 32 нафари дигар аз маҳли офат берун оварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG