Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Касе моро террор карда наметавонад


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ваъда дод, ки муфаттишони федеролӣ сабабу ангезаҳои ҳамлаи зану шавҳар ба маркази ҳифзи иҷтимоӣ дар шаҳри Сан-Бернардиноро муқаррар мекунанд. Ӯ дар паёми ҳафтаинаи худ рӯзи 5 декабр гуфт, мо тавоноем ва касе моро террор карда наметавонад.

Аз ин пеш Бюрои федеролии тафтишоти ИМА (FBI) тирандозӣ дар шаҳри Сан-Бернардиноро чун ҳамлаи террористӣ арзёбӣ мекунад. Ёвари раиси Бюрои федеролии тафтишот дар Лос-Анҷелес Дэвид Баудич рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, яке аз ҳамлагарон – Ташфин Малик ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” савганди вафодорӣ ёд карда буд. Дар ин бора ин хонум дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар дода буд. FBI ҳамчунин дар бораи тамоси телефонии Ташфин Малик бо шавҳараш Сайёд Форуқ қабл аз тирандозӣ иттилоъ дарёфт кард.

Ҳамла ба маркази кӯмаки иҷтимоӣ дар шаҳри Сан-Бернардино, ки рӯзи чаҳоршанбе, 2 декабр сурат гирифт ва дар он 14 нафар кушта ва беш аз 20 каси дигар маҷрӯҳ шуданд, пешакӣ ҳаматарафа тарҳрезӣ шуда буд, гуфт Дэвид Баудич. Ташфин Малик ва шавҳараш Сайёд Форуқ рӯзи 3 декабр дар тирандозӣ бо пулис кушта шуданд. Ташфин Малик шаҳрванди Покистон ва шавҳараш Форуқ – шаҳрванди Амрико буданд.

Ҳадс зада мешавад, ки зану шавҳар боз ба як ҳамлаи террористии дигар омодагӣ мегирифтанд. Ҳангоми кофтукоб аз манзили онҳо беш аз 3 ҳазор тир ва 12 бомби худсохт мусодира карда шуд. Сайёд Форуқ аз ин пеш ягон бор мавриди шубҳаи хадамоти амниятии ИМА қарор нагирифта буд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 5 декабр бо такя ба изҳороти радиоии ин гурӯҳ аз тариқи интернет иттилоъ дод.

XS
SM
MD
LG