Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гранти Ҷопон барои фурудгоҳи Душанбе


Аз 26 ноябр то 2 декабр дар шаҳри Токио гуфтушуниди байни ҳайатҳои Тоҷикистон ва намояндагони Оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ JICA баргузор шудааст. Тибқи иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид сафири кишвар дар Токио Ҳамрохон Зарифӣ ва ҷониби Ҷопонро директори генералии Раёсати Осиёи Марказӣ, Шарқӣ ва Қавқози Оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Като Тошинобу раҳбарӣ карданд. Дар ин мулоқотҳо ҳамчунин ҳайати “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” бо раҳбарии роҳбарии директори генералӣ Рустам Холиқов иштирок кардаанд. Дар ҷараёни гуфтугӯҳо, шартнома миёни Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкати "Added Vlue Corporation Japan" барои амалӣ кардани ин тарҳи беҳтарсозии Фурудгоҳи Душанбе, имзо шудааст. Ҷопон барои харидории системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои раҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймо (системаи PALS) ва дигар таҷҳизоти зарурӣ, дар ҳаҷми 578.888 йен ҷудо намудааст.


XS
SM
MD
LG