Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таттибубу дар озмуни зебоӣ ширкат мекунад


Таттибубу Самидин
Таттибубу Самидин

Таттибубу Самидин дар озмуни ҷаҳонии «Маликаи ҷаҳон-2015», ки дар шаҳри Саняи Чин баргузор мешавад, аз Қирғизистон намояндагӣ хоҳад кард.

Аз аввали декабр то рӯзи 12-уми ин моҳ амалан аксбардорӣ ва тамринҳо идома мекунад. Озмун 13 декабр оғоз ва то 19 декабр давом меёбад.

Дар сомонаи расмии ин озмун зикр шудааст, ки хонум Таттибубу Самидин 20 сол дорад. Вай муҳаррири маҷаллаи «Cosmolady» аст, ният дорад дар оянда тарроҳи либос шавад ва ҳамчунин вориди сиёсат гардад.

Ба ҷуз аз фаъолияти муҳаррирӣ, Таттибубу волейбол мебозад, рақсиданро дӯст медорад ва рақсҳои анъанавии қирғизиро хеле хуб иҷро мекунад.

XS
SM
MD
LG