Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон. Анкара аз ДИИШ нафт намехарад


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия изҳор намуд, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад кишвари ӯро дар харидани нафт аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) айбдор кунад. Ӯ дар як суханронӣ дар Кувайт рӯзи 2 декабр гуфт, ки ӯ ҳеҷ гоҳ бо террористон ҳамкорӣ надошт ва нахоҳад кард. Президенти Туркия ҳамчунин таъкид кард, ки Анкара хостори бадтар шудани робитаҳо бо Маскав нест.

Аз ин пеш рӯзи чаҳоршанбе муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов изҳор намуд, ки раҳбарияти Туркия, аз ҷумла, шахсан Эрдуғон дар иҷорати ғайриқонунии хариду фурӯши нафт аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” даст доранд.

Муовини раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Сергей Рудской ахиран иттилоъ дар бораи роҳҳои интиқоли ғайриқонунии нафт аз манотиқи таҳти назорати ситезаҷӯён дар Сурияву Ироқ ба Туркияро дар ихтиёри хабарнигорон гузошт.

Таниш миёни Туркияву Русия баъди рӯзи 24 ноябр аз сӯи ҳавопаймои туркӣ сарнагун шудани ҳавопаймои русии СУ-24 шурӯъ шуд. Анкара мегӯяд, ки ҳавопаймо ҳарими ҳавоии кишварро вайрон кард ва ҳушдорҳоро сарфи назар намуд аз ин рӯ ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор гирифт.

Аммо Русия мутмаин аст, ки ҳавопаймои СУ-24 дар фазои Сурия буд ва вориди ҳарими ҳавоии Туркия нашуда буд ва аз ин рӯ Туркия бояд узрхоҳӣ кунад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор намуд, ки аз вазъи ба вуқӯъпайваста нороҳату андӯҳгин аст ва аммо узрхоҳӣ карданӣ нест, зеро низомиёни турк бар пояи муқаррароти байнулмилалӣ амал намуданд.

XS
SM
MD
LG