Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тангаҳои 20-ҳазорӣ вориди муомилот мешаванд


Аз 1 декабр тангаҳои 20-ҳазорӣ дар Қазоқистон вориди муомилот мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти Бонки миллии он кишвар. Ба муомилот ворид кардани тангаҳои 20-ҳазорӣ ба Рӯзи президенти нахустини Қазоқистон бахшида шудааст.

Тангаҳои 20-ҳазорӣ соли 2013 нашр шудаанд ва дорои чораҳои қавии муҳофизат аз тақаллубанд.

Дар хабари маркази матбуоти Бонки милллии он кишвар омадааст, ки тангаҳои 2-ҳазорӣ, 5 -азорӣ ва 10-ҳазориеро, ки соли 2006 нашр шудаанд, метавон то 3 октябри соли 2016 барои пардохтҳо ва муомилоти бонкӣ истифода кард. Ин пулҳо аз 1 июли соли 2020 ботил хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG