Раҳбарияти донишгоҳи техникии шаҳри Ярославли Русия пайвастани 5 донишҷӯи тоҷик ба гурӯҳи тундравҳои Давлати Исломиро таъйид кард. Матбуоти Русия аз қавли мақомоти донишгоҳ хабар медиҳад, ки ин ҷавонон чанд моҳ ба таҳсил ҳозир нашуданд ва ғайб задаанд. Онҳо ҳатто ба ҳамдарсон ва дӯстони худ чизе ҳам нагуфтаанд.
Тибқи хабарҳо ду нафари онҳо дар ҷангҳо кушта шудаанд. Санади расмӣ дар бораи кушта шудани онҳо то ҳол ба даст наомадааст. Онҳо ошкоро билети ҳавопаймо харидаанд ва ба Туркия парвоз кардаанд.
Ёвари раиси донишгоҳ мегӯяд, ки донишҷӯён ба баҳонаҳои гуногун аз падару модари худ барои билет пул хостаанд. Ин донишҷӯён 20 сола будаанд ва дар як шӯъба дарс мехондаанд ва ҳатто дар хобгоҳ дар ҳуҷраҳои паҳлӯи якдигар зиндагӣ мекардаанд.