Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти раҳбари ширкати “Зулола”-ро, ки дар як музоядаи дастгоҳи иҷроияи президент барои таъмини мактабҳо бо компютер пирӯз омада, аммо баъдан дар ду баҳси додгоҳӣ барои азхудкунии пул ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор шуд, бетағйир гузошт. Сӯҳроб Сатторов, раҳбари ин ширкат, дар маҷмӯъ ба 27 соли зиндон маҳкум шудааст.
Сафарбек Ғуломзода -- додраси Додгоҳи олӣ 26 ноябр ба Озодӣ гуфт, ки Сӯҳроб Сатторов ҳангоми баррасии шикояташ дар додгоҳ дар ин қазия нафареро бо номи Зоҳиров муттаҳам кардааст. Аммо, ба қавли ӯ, шахсияти ин фард ҳанӯз маълум нашуда, таҳқиқи қазия идома дорад.
Ҳамроҳ бо раҳбари ширкати “Зулола” масъулони ширкати “Анӯшервон” низ барои пешниҳоди комютерҳои кӯҳна ва “пуч” ба мактабҳои миёнаи кишвар муттаҳам ва соли ҷорӣ аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 9 то 12 сол зиндонӣ шудаанд. Худи тендер моҳи августи соли 2011 баргузор шуда, камбуди компютерҳо танҳо дар пайи шикояти омӯзгорони мактаб ва мудирони маорифи шаҳру навоҳӣ ошкор гардидааст.
Додгоҳи Олӣ ҳангоми баррасии парвандаи аввали масъулони “Зулола” ва “Анӯшервон” гуфта буд, ки онҳо аз 19 миллион сомонӣ пули тендер ҳудуди ҳашт миллионашро аз худ кардаанд. Ба қавли мақомот, Сӯҳроб Сатторов, Фирдавс Одинаев ва Баҳодур Шарифов компютер ва принтерҳоро на аз рӯи тамғаҳои стандартӣ, балки бе нишонаи молӣ ва сохти истеҳсол ва теъдоде аз компютерҳои куҳнаро ба мактабҳо бурда ин маблағи ҷудошударо аз худ кардаанд.