Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хабари суқути чархболаш дар Сурияро тасдиқ кард


Бино ба иттилои Ситоди кулли артиши Русия, чархболи низомие, ки ба ҷустуҷӯи халабонҳои сарозершудаи СУ-25 парвоз карда буданд, бар асари тирандозии ҷангиён суҷут кардааст.

Генерал-лейтенант Сергей Рудской ба хабарнигорон гуфтааст, аз ҷумлаи ду чархболи Ми-8, ки барои пайдо кардану наҷот додани халабонҳо ба маҳали суҷути ҳавопаймои СУ-25 рафта буданд, яке ба зарби силоҳи тирандозӣ сарозер шуда ва як сарбози рус ҳалок шудааст.

Генерал Рудской афзудааст, дар пайи амалиёти вижа аъзои гурӯҳи ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ва халабонҳои чархбол ба пойгоҳи низомии “Хмеймим”-и Русия дар Сурия мунтақил шудаанд.

Гуфта мешавад, амалиёт барои ҷустуҷӯ ва пайдо кардани халабонҳои ҳавопаймои бомбаандози Русия, ки рӯзи гузашта ба зарби ракетаи “ҳаво-ҳаво”-и ҳавопаймои F-16-и Туркия суҷут карда буд, ҳамчунон идома доштааст.

Зимнан, дар маҳали суҷути ҳавопаймои Русия набардҳои шадид миёни неруҳои давлати Сурия ва мухолифон ҷараён дошта ва ба гуфтаи мақомоти низомии Русия, дар ин ҷангҳо дар суфуфи мухолифон беш аз 1000 тан аз шаҳрвандони ҷамоҳири Қафқози Шимолии Русия ширкат доштаанд.

XS
SM
MD
LG