Матбуоти Эрон дар бораи машқҳои низомие гузориш медиҳад, ки дар он ҳазорон нафар аз нирӯҳои ниманизомии Басиҷ амалиёти шабеҳи ҳамла ба масҷиди Ал-Ақсои шаҳри Байтулмуқаддас (Иерусалим)-ро тамрин кардаанд. Ҳудуди 120 воҳиди Басиҷ, ки қаноти ниманизомии Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ба шумор меравад, рӯзи 20 ноябр нусхаи масҷидро дар шаҳри Қум ҳамла ва тасарруф карданд. Масҷиди Ал-Ақсоро, ки баъди Маккаву Мадина сеюмин макони муқаддас дар Ислом номида мешавад, яҳудиён низ ҳамчун кӯҳи Маъбад барои худ муқаддас мешуморанд. Ин минтақа дар ҳафтаҳои охир дар пайи ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои нави амниятӣ аз сӯи ҳукумати Исроил дар маркази танишҳо байни исроилиҳову фаластиниҳо қарор гирифтааст. Ин маҳдудиятҳо мунҷар ба хушунатҳое шуд, ки дар 7 ҳафтаи охир 83 фаластинӣ ва 12 исроилиро кушта ба ҷо гузошт. Аксҳои нашршуда нишон медиҳанд, ки нирӯҳои Басиҷ парчами Эронро бар нусхаи масҷид насб мекунанд. Эрон Исроилро эътироф намекунад ва ба барҳам додани он ҳамчун кишвар даъват мекунад. Теҳрон дар саросари Ховари Миёна аз ҷангиёни зиддиисроилӣ пуштибонӣ мекунад.