Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳо дар Порис ба 130 расид


Бо даргузашти яке аз захмиёни ҳамлаҳои рӯзи 13 ноябри Порис шумори қурбониёни он ба 130 расид. Бо ин ҳолд, пулиси Фаронсаву Белгия ҷустуҷӯи ҳамдастони он ҳамлаҳои террористиро идома медиҳанд. Тайи як ҳафта пулиси Фаронса 793 манзилро кофтукоб ва 174 мил силоҳ мусодира кардааст. Вазорати умури дохила гуфт, ҳамин тавр, 90 нафар барои бозҷӯӣ эҳзор ва 164 нафар таҳти ҳабси хонагӣ андохта шуданд. Рӯзи 13 ноябр дастикам 9 ҳамлагари мусаллаҳ ва маргталаб ба як толори консерт, варзишгоҳ ва бару тарабхонаҳо дар маркази Порис ҳамла карданд. Дар ин ҳамлаҳо бар изофаи 130 кушта, беш аз 350 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG