Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Умаралӣ - дар мулоқоти сафир бо сенатор


Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо вакили маҷлиси болоии парлумони Русия Елена Мизулина
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо вакили маҷлиси болоии парлумони Русия Елена Мизулина

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов шоми 18 ноябр бо вакили Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии парлумони Русия Елена Мизулина мулоқот кардааст. Елена Мизулина рӯзи 18 ноябр дар иҷлоси Шӯрои Федеросиюн масъалаи марги кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербургро матраҳ кард ва дар пайи суханронии пурэҳсоси ӯ ин Шӯро қарор кард, ки ҷараёни тафтиши парвандаи марги ин тифли тоҷикро таҳти назорати худ бигирад.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, Имомуддин Сатторов рӯзе пеш, қабл аз суханронии Мизулина дар парлумон низ бо ӯ сӯҳбати телефонӣ доштааст. Мизулина дар мулоқоти имрӯза ба сафири Тоҷикистон гуфтааст, ҳамчунон ҷараёни таҳқиқи парвандаи Умаралӣ Назаровро зери даст хоҳад дошт.

Муҳаммади Эгамзод гуфт, рӯзи 19 ноябр дар хабаргузории “Регнум” бо ширкати намояндагони сафорат, табибон ва ҳомиёни ҳуқуқ як нишаст доир хоҳад шуд, ки яке аз мавзӯъҳои асосиаш низ парвандаи марги Умаралӣ Назаров мебошад.

XS
SM
MD
LG