Мақомот дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки Толибон субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба вулусволии Юмгон юриш бурдаанд ва даргириҳо то ҳоло идома доранд. Сахидод Ҳайдарӣ, сухангӯи фармондеҳии амнияти ин вилоят рӯзи 18 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи роҳҳо ба вулусволии Юмгон баста шудаанд. Вай аз ҳукумати марказии он кишвар хостори кӯмакҳои ҳавоӣ шудааст. Ин минтақа шаш моҳ қабл барои чанд муддат дар тасарруфи Толибон қарор дошт. Шимоли Афғонистон, аз ҷумла вилояти Бадахшон тайи моҳҳои ахир ноамнтар шудааст ва Толибон чандин минтақаро ба тасарруфи худ даровардаанд.