Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарпечии волиҳои ИМА аз қабули суриягиҳо


Волиҳои беш аз нисфи аёлатҳои ИМА рӯзи 16 ноябр изҳор доштанд, ки намехоҳанд, дар қаламрави худ гурезаҳо аз Сурияро қабул кунанд. Онҳо бо ишора ба амалҳои террористӣ дар Париж аз мақомоти марказӣ хостанд, ки тафтишу назорат аз болоихоҳишмандони дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар Амрикоро қавӣ ва фарогиртар кунад.

"Техас паноҳандагони суриягиро қабул намекунад. Ман аз ИМА талаб дорам – амният дар мадди аввал аст”, навиштааст волии Техас Грег Эббот дар Твиттер. Волии Ҷорҷия Нэйтан Дил ба раҳбарони раёсатҳои аёлат дастур додааст, ки аз ҷойгирсозии паноҳандагони суриягӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Тайи чаҳор соли ахир ИМА фақат 1500 фирории суриягиро қабул кардааст. Раисиҷумҳур Барак Обама гуфта буд, ки то соли оянда теъдоди паноҳандагон то 10 ҳазор нафар афзоиш меёбад.

Расман волиҳои иёлатҳо ҳақ надоранд сиёсати муҳоҷиратии давлатро муйян кунанд. Аммо онҳо метавонанд аз ҳамкорӣ бо мақомоти марказӣ дар ҷобаҷогузории гурезаҳо сарпечӣ кунанд ва ба ин тартиб дар иҷрои нақшаҳои Вашингтон мушкил ба бор оранд. 25 раиси аёлат аз ҳамаи 26 аёлати кишвар, ки аз қабули фирориён сарпечӣ карданд, узви Ҳизби ҷумҳурихоҳ мебошанд.

XS
SM
MD
LG