Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги се муҳоҷири тоҷик дар садамаи Калуга


Дар як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Калугаи Русия се шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохтаанд. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки ҳодиса 16 ноябр рух дода, шахсияти ин афрод муайян шудааст. “Дар ин садама панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд, ки се нафарашон аз Тоҷикистонанд. Инҳо Ҷамшед Абдураҳмонов аз Хуҷанд (1980), Абдуаҳад Фаёзов аз Бобоҷон Ғафуров (1988) ва Наргиза Маҳмадшоева аз Шаҳритус (1975) мебошанд,” – гуфтанд дар намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия. Ба иттилои манбаъ ҳоло ҷониби Тоҷикистон таҳқиқи ин садамаро пайгирӣ дорад.

XS
SM
MD
LG