Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи ба номи Магнитский таъсис шуд


Дар арафаи шашумин солгарди даргузашти ҳуқуқдони маъруфи рус Сергей Магнитский ба номи ӯ ҷоизаи байнулмилалӣ таъсис шуд. Дар ин бора рӯзи 12 ноябр сомонаи интернетӣ оид ба мубориза бо фасод дар Русия - Law and Order in Russia хабар дод.

Сергей Магнитский, ҳуқуқшиноси Бунёди Нermitage Capital моҳи ноябри соли 2009 дар боздоштгоҳ аз олам даргузашт. Ӯ чандин бор аз вазъи бади саломатияш шикоят карда буд.

Гуфта мешавад, ҳуқуқшиноси Hermitage қурбонии гурӯҳи ҷиноие шудааст, ба он мансабдорони воломақоми ҳукумати Русия шомиланд. Натиҷаҳои тафтиши марги Сергей Магнитский аз сӯи Бунёди Нermitage Capital-ро кишварҳои ғарбӣ пазируфтаанд. ИМА “Рӯйхати Магнитский”-ро таҳия кардааст, ки ба он ному насаби ҳама афроди муттаҳам дар марги ҳуқуқшиноси Hermitage Capital шомил шудааст. Ин афрод мавриди таҳрими Вошингтон қарор гирифтаанд.

Ҷоизаи ба номи Сергей Магнитский дар нӯҳ бахш, аз ҷумла, барои хизмат дар пажуҳиши хабанигорӣ, барои комёбии созмони ғайриҳукуматӣ дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи башар ва саҳми арзанда дар маъракаи “Барои тафтиши одилонаи парвнадаи Магнитский” супурда мешавад.

XS
SM
MD
LG