Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курдҳо амалиёт барои Синҷарро шурӯъ карданд


Нерӯҳои пешмаргаи курдҳо ба амалиёти густурда барои назорат аз болои шаҳри Синҷар, воқеъ дар шимоли Ироқ, шурӯъ карданд. Ин шаҳр моҳи августи соли гузашгта аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ишғол шуда буд.

Ба иттилои фармондеҳони курд, дар амалиёт тақрибан ҳафту ним ҳазор низомиён ширкат доранд ва ба онҳо аз фазо ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти фармони ИМА кӯмак мекунанд.

Баъд аз забти Синҷар аз сӯи “Давлати исломӣ” шаҳрро даҳҳо ҳазор курдҳои язидӣ тарк намуданд. Онҳое, ки натавонистанд сари вақт фирор кунанд, кушта шуданд.

Синҷар барои гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз маҳаллаҳои муҳими стратегӣ миёни шаҳри Раққаҳ дар шимоли Сурия ва Мовсил дар шимоли Ироқ маҳсуб мешавад.

Аз ин пеш ҳам нерӯҳои пешмаргаи курдҳо талоши аз дасти ситезаҷӯён гирифтани Синҷарро карданд, аммо муваффақ нашуданд.

XS
SM
MD
LG