Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вучич аз қурбониёни Сребренитса ёд кард


Александр Вучич, нахуствазири Сербия, рӯзи 11 ноябр дар маҷмааи ёдгории қурбониёни куштори дастаҷамъии мусалмонҳо дар шаҳри Сребренитсаи Боснӣ гулчанбар аз садбаргҳои сафедро гузошт. Дар ин маросим мири мусалмони Сребренитса ва раҳбари мусалмонҳои Боснӣ Боқир Иззатбегович ҳам ҳузур доштанд.

Александр Вучич бори аввал баъд аз сангборон шуданаш аз сӯи бархе сокинони хашини Сребренитсаи Боснӣ вориди ин шаҳр шуд. Қарор аст, нахуствазири Сербия дар конфаронси иқтисодие ширкат кунад, ки дар он чанд тарҳи муҳим барои рушди Сребренитса муаррифӣ мешавад.

Моҳи июли соли равон, дар 20-умин солгарди ёдбуди қатли дастҷамъии ҳазорон марду навраси мусулмони Боснӣ дар Сребренитса мардуми хашин бо нидоҳои “Аллоҳу Акбар!” сӯи Александр Вучич ва ҳамсафаронаш санг ва зарфҳои пластикӣ андохтанд. Мансабдорони Сербия ночор ба мошинҳояшон савор шуда ва аз ҷойи маросим фирор карда буданд.

Моҳи июли соли 1995 ҷангиёни серб дар Сребренитса тақрибан ҳашт ҳазор мусалмонро куштанд. Аммо Белград ва раҳбарони сербҳои Босния ин қазияро геносид ё наслкӯшӣ эътироф намекунанд.

XS
SM
MD
LG