Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба шаҳри Кӯлоб дубора газ омад


Шаҳрдории Кӯлоб мегӯяд, баъд аз 3 соли танаффус интиқоли газ ба ин шаҳр аз сар гирифта шуд. Интиқоли газ дар пайи насби 7 километр қубур аз кони гази Каримбердӣ дар ноҳияи Восеъ муяссар шудааст. Давлат Мӯъминов, мудири ширкати “Кӯлобгаз” гуфтааст, дар ҳоли ҳозир 650 манзил дар 21 бинои баландошёнаи маҳаллаи Шоҳини шаҳри Кӯлоб бо газ таъмин шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар ҳоли ҳозир ба далели камбуди газ танҳо биноҳои баландошёнаро бо газ таъмин кардаанд, чунки гази мавҷуда барои таъмини тамоми аҳолии шаҳр кифоят намекунад.

XS
SM
MD
LG