Хонандагони тоҷик аз озмуни байналмилалии илмҳои табиӣ-риёзӣ, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, бо чор нишони тило ва панҷ нуқра ба ватан баргаштанд. Дар ин озмун, ки аз аз 1 то 8-уми ноябр баргузор гардид, намояндагони 8 кишвар, асосан аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ иштирок карданд. Тоҷикистонро дар ин озмун 11 нафар хонандаи литсей-интернати Президентӣ барои кўдакони болаёқати шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд.
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 10 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “Ёрзодаҳо Фотима ва Зуҳра аз фанни биология, Муҳаммадиқболи Усмон ва Ориён Ҷонмаҳмадов аз фанни ҷуғрофия, Азиза Нигматова ва Комила Қурбонова аз расмкашӣ ва Баракатулло Гулов аз фанни кимиё 9 медалро ба даст оварданд”.
Вазорати маориф ва илм мегӯяд, то имрўз хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 125 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 28 нишони тило, 31 нуқра ва 66 медали биринҷӣ мебошад.