Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин сафари расмии Рӯҳонӣ ба Аврупо


Ҳасани Рӯҳонӣ нахустин раисиҷумҳури Эрон хоҳад шуд, ки баъд аз даҳсолаҳо ба Аврупо сафари расмӣ анҷом медиҳад. Хабаргузории эронии ИРНА иттилоъ медиҳад, ки сафари Рӯҳонӣ рӯзи 14 ноябр аз Италия шурӯъ мешавад ва рӯзҳои 16 ва 17 ноябр дар Фаронса идома меёбад.

Парвиз Исмоилӣ, раиси дафтари раисиҷумҳури Эрон, гуфтааст, ки қарор аст Ҳасани Рӯҳонӣ дар Вотикан бо Попи Рум Франсиск мулоқот кунад.

Дар ин сафар Ҳасани Рӯҳониро чанд тан аз вазирони ҳукумат ҳамроҳӣ хоҳнад кард.

Сафари раисиҷумҳури Эрон ба Аврупо баъд аз он мумкин шуд, ки Теҳрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ 14 июл дар Вена созиши таърихии ҳастаиро имзо карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҳоле ба сафари Аврупо омодагӣ мегирад, ки дар Теҳрон мухолифат миёни ӯ ва муҳофизакорон шиддат мегирад. Муҳофизакорон аз оштии ҳукумати Рӯҳонӣ бо Ғарб норозиянд. Ахиран раҳбари идораи қувваи қазоии Эрон Оятуллоҳ Содиқ Лориҷонӣ ба изҳороти Рӯҳонӣ дар бораи қувваи қазоии кишвар эътироз кард. Рӯҳонӣ аз мардум хост, ки аз танқиди ҳукумат, қувваои қазоӣ ва парлумон худдорӣ накунанд ва аммо аз тӯҳмату таҳқир даст бардоранд. Хабаргузории Франс-Пресс менависад, ки Оятуллоҳ Лориҷонӣ гуфтаҳои Рӯҳонӣ дар бораи идораи қувваи қазоиро тӯҳмату таҳқир номидааст.

XS
SM
MD
LG