Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни сӯхтори бошгоҳ ба 43 нафар расид


Эътирозҳо дар Бухарест
Эътирозҳо дар Бухарест

Шумораи ононе, ки аз сӯхтор дар як бошгоҳи шабона дар Бухарест-пойтахти Руминия даргузаштаанд, ба 43 нафар расид. Дар шабонарӯзи охир ду нафари дигар аз ҷароҳатҳои бардоштаашон ҷон бохтанд.

Бисёре аз мардуми Руминия ҳукумати заифро муттаҳам мекунанд, ки дар сӯхтори фоҷеаомези 30 октябр чораҳои муносиб наандешидааст. Виктор Понта-нахуствазир ва кобинаи вай 4 ноябр дар ҷараёни ҳамоишҳои эътирозӣ истеъфо доданд.

Раиси ноҳияе, ки бошгоҳи шабона дар он ҷо ҷой гирифтааст, бо ду корманди дафтари ноҳия боздошт шудаанд. Сабаби боздошт ин аст, ки онҳо бидуни расидагии комил ва тафтиши воситаҳо ва шароити сӯхторнишонӣ ба ин бошгоҳ иҷозаи фаъолият додаанд. Дар ин бора дафтари додситонӣ хабар додааст.

Кристиан Попеску Пиедоне-шаҳрдори Бухарест низ 4 ноябр аз мақомаш истеъфо дод ва эълон кард, ки вай ҳам аз лиҳози маънавӣ худро дар ин ҳодиса гунаҳгор медонад.

30 октябр дар ҷараёни консерти бузурге дар толори “Коллектив”-и ин бошгоҳ сӯхтор сар зад. Толор шароити хомӯш кардани оташро надошт ва барои хуруҷи одамон танҳо як дари баромад мавҷуд буд. Одамон аз саросемагӣ зери по шуданд ва ба ҷуз аз ин 43 нафар кушташудагон 180 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

То ҳол 100 нафар дар шифохона бистарӣ мебошанд. Вазъи саломатии 44 нафари онҳо вазнин аст.

XS
SM
MD
LG