Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Умаралӣ Назаров қонунро дар Русия тағйир медиҳад


Вадим Тюлпанов-раиси Кумитаи регламент ва созмондиҳии фаъолияти Шӯрои Федератсияи Русия пешниҳод кард, ки мӯҳлати боздошти маъмурии занони ҳомила ва дорои кӯдаки то 14 соларо то 3 соат маҳдуд кунанд.

Тюлпанов гуфтааст, сабаби ин пешниҳод ҳодисаи марги кӯдаки 5-моҳаи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург будааст, ки ҳангоми боздошт аз дасти модараш гирифта шуд. Дар натиҷаи он Умаралӣ Назаров 14 октябр дар маркази тиббӣ ва нигаҳдории ба номи В. В. Цимбалин ба ҳалокат расид.

Ҳоло дар қонун нигаҳдории занони ҳомила, занони бемори гурӯҳи 1 ва 2 ва занони кӯдакдор то 48 соат пешбинӣ шудааст. Барои рӯшан кардани вазъият онҳоро то 48 соат нигоҳ медоштанд. Тюлпанов мегӯяд, то ҳол ҳатто ҳодисаҳое рух додаанд, ки ба Қонуни Асосӣ ва Кодекси оила мутобиқ набудааст.

Гузашта аз ин, дар моддаи 9 ва 10 Аҳдномаи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак ҷудо кардани модар аз кӯдак бар хилофи ризояти модар мумкин нест. Агар зарурате барои ҷудо кардани модар аз кӯдак пеш ояд, дар он сурат бояд ҳукми додгоҳ мавҷуд бошад.

XS
SM
MD
LG