Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 39 қочоқбари муҳоҷирон дар Аврупо


Европол – пулиси Иттиҳоди Аврупо – дар Испания ва Лаҳистон (Полша) 29 узви шабакаи қочоқи муҳоҷиронро дастгир кардааст. Европол, марказаш дар Гаагаи Ҳолланд рӯзи 3 ноябр гуфт, ин шабакаи покистонӣ муҳоҷирон аз Покистонро дар киштиҳои барои шино дар баҳр номуносиб аз Либия ва Туркия ба Аврупо интиқол дода, дар инҷо дар шароити ғуломӣ кор мефармуданд. Ин муҳоҷирон маҷбур будаанд, барои пардохтани ҳаққи таҳияи аснод ва интиқолашон ба Аврупо дар кабобхонаҳо бемузд, бидуни рӯзи истироҳат ва кадом имтиёзи иҷтимоӣ кор кунанд. Ҳар муҳоҷир бояд ба ин шабака то 14 000 евро пардохт мекард. Ин 29 нафарро рӯзҳои 24 ва 25 октябр дар ҷараёни амалиётҳо дар ошхонаҳо ва манзилҳои марбут ба онҳо дар Испания ва Лаҳистон дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG