Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Когалимавиа" фарзияи суқути "Эйрбас"-ро эълон кард


Ширкати русие, ки ҳавопаймояш дар Миср суқут кард, мегӯяд, сабаби ин фалокат хатои халабонҳо ва ё мушкили техникӣ дар ҳавопаймо буда наметавонист. Александр Смирнов, муовини раиси ширкати Когалимавиа рӯзи 2-уми ноябр гуфт, мумкин аст, ҳавопаймои мусофирбари "Эйрбас" ба сабаби “таъсири берунии техникӣ” дар осмон ду пора шудааст. Ҳавопаймои "Эйрбас 321-200" рӯзи 31-уми октябр ҳангоми парвоз аз шаҳри Шарм-ул-Шайхи Миср ба Санкт Петербург дар нимҷазираи Синаи суқут кард ва тамоми 224 мусофир ва халабонҳояш ва аксарият шаҳрвандони Русия кушта шуданд. Мақомоти Русия аз ин пеш гуфтанд, ҳанӯз дар бораи сабабҳои суқути ҳавопаймо сухан гуфтан, барвақт аст.

XS
SM
MD
LG