Парлумони Молдова бо аксарияти оро ҳукумати сарвазир Валериу Стрелетро барканор кард. Аз 101 вакил 65 нафараш рӯзи 29 октябр ба ҳукумат раъйи адами эътимод доданд. Изҳори нобоварӣ ба ҳукумат дар пайи ба аҳзоби мухолифи сотсиалист ва коммунист пайвастани ҳизби демократи Мариан Лупу муяясар шуд. Стрелет, ки рӯзи 30 июл ба мақоми сарвазирӣ расида буд, қабл аз раъйдиҳӣ гуфт, аз мақомаш истеъфо доданӣ нест. Стрелет гуфт, истеъфо ба маънои эътирофи иттиҳоми фасод алайҳи ӯст ва натиҷааш ба таъхир уфтодани музокироти муҳим бо Сандуқи байналмилалии пул хоҳад шуд. Сарвазири собиқи Молдова Влад Филат, ки аз соли 2009 то 2013 ба ҳукумат раҳбарӣ мекард, рӯзи 15 октябр бо иттиҳоми ришвахорӣ ба маблағи 260 миллион доллар боздошт шуд. Бовар меравад, ин ришва бахше аз 1,5 миллиард долларест, ки дар остонаи интихоботи соли 2014 аз 3 бонки Молдова ғайб заданд.