Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Молдова истеъфо доданӣ нест


Валериу Стрелет
Валериу Стрелет

Сарвазири Молдова Валериу Стрелет гуфт, ӯ истеъфо доданӣ нест. Ин дар ҳолест ки парлумони ин кишвари пасошӯравӣ дар пасманзари моҷарои тахаллуфоти бонкӣ ба раъйгирии адами эътимод ба ҳукумат омодагӣ мегирад. Стрелет рӯзи 29 октябр гуфт, истеъфо ба маънои эътирофи иттиҳоми фасод алайҳи ӯст ва натиҷааш ба таъхир уфтодани музокироти муҳим бо Сандуқи байналмилалии пул хоҳад шуд. Мариан Лупу, раҳбари ҳизби демократ аз Стрелет хостааст, ки истеъфо диҳад. Райъдиҳӣ дар парлумон, қарор аст, рӯзи 29 октябр доир шавад. Ҳизби сотсиалисти Молдова тазоҳурот бо талаби истеъфои ҳукумат дар рӯбарӯи бинои парлумонро раҳбарӣ мекунад. Тазоҳургарон шиор мезананд, ки “Бо бандитҳо биравед!” ва “Бо олигархҳо биравед!” Сарвазири собиқи Молдова Влад Филат, ки аз соли 2009 то 2013 ба ҳукумат раҳбарӣ мекард, рӯзи 15 октябр бо иттиҳоми ришвахорӣ ба маблағи 260 миллион доллар боздошт шуд. Бовар меравад, ин ришва бахше аз 1,5 миллиард долларест, ки дар остонаи интихоботи соли 2014 аз 3 бонки Молдова ғайб заданд.

XS
SM
MD
LG