Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон узви Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ шуд


Қирғизистон ба узвияти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2016-2018 пазируфта шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорати корҳои хориҷии он кишвар. Интихоби аъзои нав ба Шӯро 28 октябр дар Ню-Йорк зимни ҷаласаи навбатии маҷмааи умумии СММ сурат гирифт.

Қирғизистон, ки барои тақвияти ҳуқуқи инсон, авлавияти ҳуқуқ ва демократия талоши зиёд харҷ мекунад, номзадии худро ба ин мақоми олии СММ пешбарӣ кард. Барои 5 ҷой дар Шӯро аз гурӯҳи кишварҳои Осиёву Амрико 7 кишвар номзад шуда буд.

Бино бар натиҷаи раъйдиҳӣ Қирғизистон ба узвияти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон пазируфта шудааст. Номзадии Қирғизистон бо дарёфти 147 раъй аз 192 кишвари аъзои СММ ба сегонаи кишварҳои пешгом шомил шудаст.

Қирғизистон ба иҷрои масъулиятҳои худ дар Шӯро аз 1 январи соли 2016 мепардозад.

XS
SM
MD
LG