Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси ду тоҷик барои ҷалби ҷангиён ба Сурия


Яке аз боздоштшудаҳо. Акс аз сомонаи mvd.ru
Яке аз боздоштшудаҳо. Акс аз сомонаи mvd.ru

Додгоҳи ноҳияи Шёлковои вилояти Маскав рӯзи 28 октябр ҳукми ҳабси ду зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми ҷалби афрод ба сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” содир кард. Тафтишот мегӯяд, ин ду нафар узви гурӯҳи “Ат-Такфир-вал-ҳиҷра” буда, сокинони Русияро барои пайвастан ба сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” ташвиқ мекарданд. Хабаргузории РИА Новости менависад, ин ду зодаи Тоҷикистонро дар пайи ғорати як мошин дастгир кардаанд ва ҳангоми кофтукоби манзили иҷораи онҳо ду зани русеро ҳам пайдо кардаанд, ки алакай таҷрибаи сафар ба Сурия ва ҷанг дар сафи гурӯҳҳои тундравро доштаанд. Фаъолияти “Давлати исломӣ” дар Русия ва ҳамин тавр, дар Тоҷикистон расман манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG