Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ба Узбакистон 105 миллион доллар ихтисос медиҳад


Шинзо Абе
Шинзо Абе

Ҷопон барои рушди иқтисоди Тоҷикистон ва таҷдиди таҷҳизоти тиббӣ дар Узбакистон 105 миллион доллар ба ин кишвар медиҳад. Дар ин бора хабаргузории Киодои Ҷопон баъд аз мулоқоти Синдзо Абе-нахуствазири Ҷопон ва Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон дар Тошканд хабар додааст.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки Ҷопон барои тавсеаи ҳамкорӣ бо Узбакистон барои ворид кардани таҷҳизоти пешрафтаи саноатӣ, рушди иқтисод ва доду гирифтҳои башариро таҳким мебахшад.

Дар ҷавоб ба ин ҳамкориҳо Узбакистон қавл додааст, ки аз мавзеъгирии Токио дар бораи ислоҳот дар Шӯрои Амнияти СММ ҳимоят хоҳад кард.

Силсилабоздидҳои нахуствазири Ҷопон аз кишварҳои Осиёи Миёна бо Муғулистон 22 октябр шуруъ шуд. Сипас вай ба Туркманистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон сафар кард. Боздии вай аз Узбакистон 26 октябр ба поён мерасад.

Вай баъд аз Узбакистон ба Қирғизистон ва аз он ҷо ба Қазоқистон сафар мекунад. Дар ин боздид вайро тақрибан 50 нафар намояндагони ширкатҳои бузург ва соҳибкорони Ҷопон ҳамроҳӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG