Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи пурқурбонӣ дар ҷануби Фаронса


Бар асари ба ҳам бархӯрдани автобуси мусофирбар ва мошини боркаш дар ҷануби Фаронса 42 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин фоҷиа, ки рӯзи 23 октябр дар минтақаи Жиронде, тақрибан 57 километр дуртар аз шаҳри Бордо рӯй дод, панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Автобус ва мошини боркаш баъд аз садама оташ гирифтанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, 50 мусофири асосан кӯҳансоли автобус ба вилояти Ланде мерафтанд.

Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, ки айни ҳол бо сафари корӣ дар Афина қарор дорад, аз ин фоҷиа изҳори андӯҳ кард ва гуфт, ҳама хадамоти наҷотбахшӣ дар ҷойи ҳодисанд.

Садама дар Жиронде – бузургтарин фоҷиа дар роҳҳои Фаронса аз соли 1982 ба ин сӯ аст.

XS
SM
MD
LG