Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 13 нафар дар ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия


Зарбаҳои нерӯҳои ҳавоии Русия болои беморхонае дар шимолу ғарби Сурия 13 кушта бар ҷой гузошт. Миёни кушташудагон табибон низ ҳастанд. Тавре ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Сурия ба хабаргузории Франс Пресс иттилоъ додаанд, ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Сармини вилояти Идлиб рух додааст.

Мудирияти беморхонаи мазкур бар дӯши ҷамъияти пизишкони суриягиву амрикоӣ буд. Кормандони беморхона мушакборонро таъйид карданд, аммо дақиқан нагуфтанд, ки маҳз ҳавопаймоҳои Русия зарба задаанд.

Вазорати дифои Русия рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки дар шаҳри Сармин "раҳбарони гурруҳҳои террористӣ"-ро ҳадафи ҳалма қарор додааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсони Сурия гуфтанд, аз 370 кушташудаи зарбаҳои ҳавоии Русия - 127 нафарашон сокинони осоишта ҳастанд.

XS
SM
MD
LG