Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли ҷорӣ ва соли оянда 350 ҳазор паноҳҷӯ ба Шветсия меоянд


Хадамоти давлатии муҳоҷирати Шветсия пешгӯӣ кардааст, ки соли ҷорӣ ин кишвар 190 ҳазор паноҳҷӯ ва дар соли оянда 100 ҳазор паноҳҷӯро қабул мекунад. Вале ин сарчашма мегӯяд, ки мумкин аст шумораи паноҳҷӯён соли оянда 170 ҳазор нафарро ташкил диҳад.

Моҳи июли соли ҷорӣ Хадамоти давлатии муҳоҷирати Шветсия шумораи паноҳҷӯёнро 74 ҳазор нафар ва онро ғайриқобили тасавуур хонда буд.

Вале тирамоҳ рақамҳо тағир ёфтанд. То поёни соли ҷорӣ ин кишвар 200 ҳазор нафарро, ки дар Шветсия паноҳ меҷӯянд, сабти ном хоҳад кард.

Хадамоти давлатии муҳоҷирати Шветсия ба ҳукумат муроҷиат кардааст, ки барои соли оянда ба таври иловагӣ сармоягузорӣ кунанд. Ин хадамот 3 миллиард евро барои ин кор дархост кардааст.

XS
SM
MD
LG