Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти додситонӣ ва додгоҳҳо


Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон.
Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Дар мақомоти додгоҳӣ ва додситонии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 октябр як катор афродеро, ки ба мақомҳои нави додгоҳӣ ва ва додситонӣ таъин шуданд, ба суҳбат пазируфтааст. Ба гуфтаи манбаъ, тағйироти кадрӣ аз ҷумла дар мақомоти Додситонии, Шӯрои адлия, Додгоҳи олӣ ва Додгоҳи Олии иқтисодӣ сурат гирифт. Аз ҷумла дар Додситони кулл афроди нав ба вазифаҳои Сардорони Раёсатҳои назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук ва Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон, Директори Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Додситонии кулл, прокуророни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Ҷиликули вилояти Хатлон ва ноҳияи Тавилдара таъин шуданд.

Манбаъ мегӯяд, ки дар мақомоти додгоҳӣ раисон, муовинони якум ва муовинони судҳо ва судяҳои суди Бадахшон, Суғд, Хатлон аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Чкалов, Истиқлол, Ваҳдат, ноҳияҳои Роштқалъа, Вахш, Қумсангир, Спитамен, Рӯдакӣ, Ҳисор, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон, муовини раиси суди иқтисодии Бадахшон, роҳбари Дастгоҳи Суди Олии ҷумҳурӣ ва роҳбари Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои нав таъин гардиданд.

XS
SM
MD
LG