Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташреҳи Путин ба шоҳ Салмон ва Эрдуғон


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Салмон Бини Абдулазиз ал-Саъуд, шоҳи Арабистони Саъудӣ, рӯзи 21 октябр дар сӯҳбати телефонӣ вазъи Сурияро баррасӣ карданд. Ба иттилои Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, дар ин сӯҳбат Путин ба шоҳи Арабистони Саъудӣ дар бораи мулоқоташ бо раҳбари Сурия Башор Асад иттилоъ дод.

Владимир Путин ҳамчунин дар сӯҳбати телефонӣ бо раҳбари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон сафари Асад ба Маскавро ташреҳ кард.

Арабистони Саъудӣ ва Туркия мухолифони режими Башор Асаданд ва ба зарурати аз саҳнаи сиёсӣ канор рафтани ӯ таъкид мекунанд.

Владимир Путин бо ҳамтои суриягияш Башор Асад дар Маскав шоми 21 октябр мулоқот кард. Ба гуфтаи Песков, Башор Асад дар мулоқот бо Владимир Путин дар бораи вазъи кишвараш иттилоъ дод. Сарони ду кишвар мавзӯи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва идомаи амалиёти низомии Русия дар Сурияро баррасӣ карданд.

Дмитрий Песков гуфт, ки дар музокирот мавзӯи мусоидати нерӯҳои ҳавоии Русия дар амалиёти заминии нерӯҳои Димишқ дар меҳвар қарор дошт. Амалиёти ҳавоии нерӯҳои Русия дар Сурия аз охири моҳи гузашта ба ин сӯ идома доранд.

Маскав мегӯяд, ки ҳадафаш аз байн бурдани гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст, аммо мақомоти ИМА ва кишварҳои ғарбӣ иддао доранд, Маскав ба мавқеъҳои гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад зарба мезанад ва ба ин васила ба пешрафти нерӯҳои ҳукуматӣ дар ҷанг бо мухолифин, аз ҷумла, Артиши озодибахши Сурия мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG