Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду маҳбуси фирорӣ аз сактаи дил


Мақомоти Қирғизистон рӯзи 21 октябр дар бораи бар асари сактаи дил аз олам гузаштани ду маҳбусе хабар доданд, ки нӯҳ рӯз пеш аз як зиндон дар вилояти Чуй фирор карда ва аммо баъдан аз сӯи кормандони полис боздошт шуда буданд. Талайбек Юманов ва Бахит Кенегулов миёни 9 маҳбусе буданд, ки 12 октябр ҳангоми фирор аз зиндон чаҳор нозири маҳбасро куштанд.

Хабари марги онҳо дар маҳбас ҳадсу гумонҳоеро дар матбуот барангехт, ки Талайбек Юманов ва Бахит Кенегулов шояд бар асари шиканҷа баъд аз боздошт ба ҳалокат расидаанд.

Як рӯз пеш хабар расид, ки боз як тан аз фирориён Азамат Мусуралиев кушта шудааст – ӯ аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ дар як деҳаи ноҳияи Сокулуки вилояти Чуй пинҳон шуда буд.

Ба иттилои расмӣ, чаҳор тан аз фирориён барои тундгароии мазҳабӣ ва терроризм маҳкум шуда буданд. Ду нафари онҳоро додгоҳ ба ҳабси абад маҳкум карда буд.

Полис мегӯяд, ки то имрӯз панҷ тан аз маҳбусони фирорӣ боздошт ва ду нафарашон дар амалиёти вижа кушта шудаанд. Ҷустуҷӯи ду фирории дигар идома дорад.

XS
SM
MD
LG