Дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон дар натиҷаи баҳс миёни кормандони милиса 2 корманди мақомоти корҳои дохилӣ кушта шуданд.
Бино бар иттилои дарёфтшуда, ду корманди милиса дар натиҷаи баҳсе, ки ба тирпаронӣ анҷом ёфт, кушта шуданд. Дар сатҳи расмӣ ҷузъиёти ҳодиса шарҳ дода нашудааст.
Тибқи бархе аз маълумотҳо, 19 октябр наздикии соати 11 дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркуҳи ноҳияи Исфара миёни 3 корманди милиса баҳс рух додааст.
Хабар дода мешавад, ки як корманди милиса ба ду ҳамтояш аз тапонча тир кушодааст.