Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими шаҳрдорӣ дар мавриди таъсиси ноҳияи нав


Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст то охирҳои моҳи оянда дар қаламрави ноҳияи Сино ноҳияи наве таъсис кунад.

Ба ин хотир мақомоти ноҳияи Сино муваззаф шудаанд, ки ин масъаларо баррасӣ ва то 28 ноябри соли равон қаламрави ноҳияи ҷадидро мушаххас кунанд.

Дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Душанбе 20 октябр бо тасдиқи ин хабар мегӯяд, дар ин росто Комиссияи корӣ ташкил шудааст.

Дар назар аст, ин комиссия дар ҳамкорӣ бо масъулони ноҳияи Сино аз ҳисоби маҳдуд кардани ҳудуди ин ноҳия дар шаҳри Душанбе тарҳи сарҳади ноҳияи навтаъсисро муайян кунад.

XS
SM
MD
LG