Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли Моҳрухсори 34-сола ба дасти падараш


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари як муноқишаи сахт Файзиддин Гадоев -- сокини 57-солаи ноҳияи Қубодиён бо зарби корд духтараш Моҳрухсорро ба қатл расондааст. Сабаби аслии сар задани муноқиша норӯшан аст ва Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки ҳоло тафтишот идома дорад ва то анҷоми он ҷузъиёти ҳодиса шарҳ дода намешавад. Рӯзи 18 октябр сокинони Қубодиён ҷасади Моҳрухсори 34-соларо ба хок супурдаанд.

XS
SM
MD
LG