Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис Карочи 8 ҷангҷуро куштааст


Пулис дар шаҳри Карочи дар як амалиёт камаш 8 ҷангҷуро нобуд кардааст, ки қасд доштанд, ба маъмурони пулис ҳамла кунанд ва ё қатлҳои ҳадафмандона анҷом диҳанд. Ҳамаи ин ҷангҷуро дар як хонае дар маҳаллаи фақирнишини Мангопири Карочи куштаанд. Рао Анвар як афсари пулиси минтақа гуфт, ки зимни муқовимати тундравон ду маъмури пулис захмӣ шудаанд. Аз хонаи ин афрод, аслиҳа, норинҷак ва маводи тарканда пайдо ва мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG