Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҷазо барои танфурӯшӣ сахт шуд


Порлумони Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр бо қабули қонуне, ҷазо барои танфурӯширо сахттар кард, ки на ҷиноят, балки қонуншикании маъмурӣ ба ҳисоб меравад. Баъди ислоҳи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронии маъмурӣ, ки баъди интишори расмӣ ҳукми иҷро мегирад, танфуруши эҳтимолӣ аз 800 то 1600 сомонӣ ҷарима мешавад ва дар сурати такрори ҷиноят мумкин аст, уро то 15 рӯз зиндонӣ кунанд. Бар асоси қонунҳои қаблӣ дар Тоҷикистон барои танфурӯшӣ ҳадди аксар 800 сомонӣ ҷарима таъйин шуда буд. Ҳомиёни ҳуқуқи занон дар кишвар мегуянд, ки чунин амалкард одилона нест ва онҳое мардҳое бояд ҷазо бигиранд, ки аз хидмати танфурушон истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG