Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози юриши артиши Сурия дар вилояти Ҳумс


Артиши Сурия юриши аз дер боз тарҳрезишудаеро дар вилояти Ҳумс оғоз кард ва ҳавопаймоҳои Русия дар ин ҷанг бо ошӯбгарон дар шимоли шаҳри Ҳумс ба сарбозони Сурия кӯмак мекунанд. Маркази нозири ҳуқуқи башар дар Сурия гуфт, ҳавопаймоҳои Русия рӯзи 15-уми октябр ба шаҳрҳои Талбиса ва Тайр Малла дар 5 километрии шаҳри Ҳумс зарба задаанд, ки асосан дар дасти нерӯҳои ҳукуматӣ аст. Созмони мазкур, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, мегӯяд, сарбозони давлат ва размандагони созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон дар амалиёт ширкат доранд. Русия рӯзи 13-уми октябр гуфт, дар 24 соати гузашта ҳавопаймоҳои кишвар дар Сурия 88 парвозҳои ҷангӣ анҷом дода ва мавзеъҳои гурӯҳи Давлати исломиро бомборон кардаанд. Вале Амрико ва муттаҳидонаш мегӯянд, ки Русия шуришиёни миёнараверо ҳадаф гирифтаааст, ки муқобили Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва яке аз муттаҳидони деринаи Русия меҷанганд.

XS
SM
MD
LG