Раҳбари ҷунбиши Миллии мухолиф ва раиси ҳизби «Эгемен Қирғизистон» Бектур Асанов раиси ҷумҳур Алмазбек Атамбоевро ба додгоҳ кашид. Вай ба додгоҳи байниноҳиявии Бишкек бо дархости ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани раҳбари кишвар муроҷиат кард.
Ба эътиқоди Асанов, раиси ҷумҳур дар интихобот ошкоро ҳизби Сотсиал-демократии Қирғизистонро пуштибонӣ мекард, ки чунин рафтор зидди Қонуни асосӣ ва қонуни интихобот аст.
Ин мухолиф аз суханронии Алмазбек Атамбоев дар ҳузури хабарнигорон, ки 27 июл сурат гирифтааст, мисол овардааст. Дар ин суханронӣ Атамбоев ёдовар шудааст, ки ҲСДҚ ҳизби раиси ҷумҳур аст ва феҳрасти номзадҳои ин ҳизб нав мешавад. Ҳамчунин дар ариза ба додгоҳ зикр шудааст, ки 16 декабри соли 2013 раиси ҷумҳур изҳор дошт, ки «агар ҲСДҚ дар порлумон ба ҷойи 25 вакил 60 намоянда медошт, субот дар кишвар зудтар роҳандозӣ мешуд».
Ҳизби «Эгемен Қирғизистон» мехост, дар интихоботи ахири порлумонӣ ширкат кунад, вале 5 миллион соми гаравпулиро дода натавонист ва сабти ном нашуд. Додгоҳ чунин тасмимро қонунӣ донист.